Таълимгирандагони «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалии «FISO» 171 медал ба даст оварданд

Март 26, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таълимгирандагони «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи ҷамъбасти даври финалии Олимпиадаи бонуфузи «FISO» 171 медали тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихориро ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Даври байналмилалии озмуни мазкур 5 март тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ баргузор гардида, ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагон расман эълон шуд.

Тибқи иттилои директори МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова дар натиҷаи ҷамъбасти даври финалии озмун хонандагони ин муассиса 171 медали тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихориро ба даст оварданд, ки ин натиҷаи беҳтарин ба шумор меравад.


Зикр гардид, ки дар олимпиадаи мазкур 4000 нафар хонандагон аз 26 давлат иштирок варзиданд. Хонандагони Литсей дар 7 гурӯҳи синну солӣ бо маҳорати баланд иштирок намуда, аксари ҷойҳоро аз фанни математика ва забони англисӣ ба даст оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки танҳо дар 7 моҳи соли хониши 2021-2022 хонандагони ин боргоҳи таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ ва забономӯзӣ дар кишварҳои Англия, Таиланд, Малайзия, Туркия, Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Италия ва Ҳиндустон иштирок намуда, 313 медали тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст оварданд.


Хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд дар соли хониши 2021-2022 дар олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонии «Дониш» ва «Коперникус» дар Туркия ва Амрико ҳузури иштирок карда, ба дастовардҳои беназир соҳиб гардиданд.

Тибқи иттилои маъмурияти Литсей ҳоло дар ҳаракати олимпии муассиса беш аз 250 нафар хонандагон шомил буда, айни замон боз 42 нафар хонандагони Литсей ҷиҳати иштироки ҳузурӣ дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар  Англия ва Олмон омодагӣ дида истодаанд.

 

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Март 26, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд