Тоҷикистон ҳамкориро бо Фонди Иқлими Сабз густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди Иқлими Сабз 2 март зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва директори Департаменти кишварҳои барномаҳои Фонди Иқлими Сабз хонум Каролина Фуэнтес дар шаҳри Найробӣ- пойтахти Кения баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқот дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Мусоҳибон лоиҳаҳои ҷории Фонди Иқлими Сабз дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкорӣ, инчунин самтҳои пешбинишавандаи густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабзро баррасӣ намуданд.
Хонум Каролина Фуэнтес фаъолият ва дастгирии муваффақи Фонди Иқлими Сабз дар Тоҷикистонро махсус зикр намуда, гуфт, ки Тоҷикистон яке аз шарикони фаъол дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавии он мебошад.
Дар анҷом Баҳодур Шерализода аз хонум Фуэнтес даъват намуд, ки дар доираи чорабиниҳои минтақавии соли 2022 ба нақша гирифташуда аз Душанбе дидан намояд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






