«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ намоиши нодири мероси ниёгонро тамошо намуданд

Март 13, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 13.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил гардидааст, дидан намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт.

Шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои фарҳангию сайёҳӣ барои муаррифии зебоиҳои зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ба дӯстдорони сайру саёҳат тавсия медиҳад, ки бо мақсади рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии мамлакат, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли ҷавон ҳамватанонамон бештар аз осорхонаҳо, аз ҷумла аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони « Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидан намоянд.

 

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Март 13, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд