«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Осорхонаи миллӣ сокинон ва меҳмононро ба тамошои намоиши нодири мероси ниёгон даъват менамояд

Март 10, 2022 12:01

ДУШАНБЕ, 10.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллӣ 25 феврали соли равон ҷиҳати амалинамоии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз гардид, ки он  то охири моҳи апрел идома меёбад. Сокинону меҳмонони мамлакат  имкон доранд аз ин намоиши нодири мероси ниёгони миллати тоҷик дидан намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Мавриди зикр аст, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт. Баргузор гардидани Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон  дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари дўст – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса нақши бузург бозид.

Ба василаи ёдгориҳои таърихӣ, ки аз қаламрави кишвари мо пайдо шудаанд, таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногун, мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ, зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо мақсади муаррифӣ намудани тамаддуну фарҳанги қадимаи тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадима, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, баргузор гардид. Дар намоишгоҳ ҳудуди 300 адад ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳои Аврупо имкони мусоид пайдо карданд, то ин ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллӣ омода ва ифтитоҳ карда шавад.

Реҷаи кории Осорхонаи миллӣ аз рӯзи душанбе то якшанбе, аз соати 09-00 то 20-00 ба роҳ монда шудааст. Марҳамат ба тамошои намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ».

Аксҳо: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар» /Осорхонаи миллӣ

Март 10, 2022 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид