ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Ҳавои номусоид ва бориш дар Тоҷикистон то охири ҳафта идома меёбад

Март 9, 2022 12:14

ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Агентии  обуҳавошиносии  мамлакат хабар медиҳад, ки ҳавои номусоид ва бориш дар  ҷумҳурӣ то охири ҳафта идома меёбад. Дар робита ба бориши дарпешистода ва баланд шудани заминаҳои ҳарорат дар кӯҳҳо обшавии шадиди барф ба амал меояд, ки метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо, инчунин вайрон шудани хатти сохили дарёю кӯлҳо гардад. Дар натиҷаи бориши дарпешистода хатари фаромадани тарма, фаромадани сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, дар чунин рӯзҳо ҳушёр ва дучанд эҳтиёт бошанд.

Ёдовар мешавем, ки 6 март, тахминан соати 15:20 ба вақти маҳаллӣ дар натиҷаи бориши зиёд аз талу теппаҳои назди деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сел фаромад. Ду сокини ин деҳа, соли таваллудашон 2004, ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи доманакӯҳ бар асари омадани сел кӯшиши наҷот додани чорворо кардаанд, вале дар натиҷа сел боиси ҳалокати онҳо  ва талаф ёфтани 10 сар чорвои майда гардидааст.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади фавтидагон дар масофаи 4 км дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо шудааст.

-Ба ғайр аз ин бориши зиёд боиси болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Қаратоғ ва канали Муллошодӣ шудааст, ки дар навбати худ ин хатари зери об мондани биноҳои истиқоматиро бештар намуд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи фавқулодаи шаҳр кор мекунад ва барои бартарафсозии онҳо техникаи махсус ҷалб шудааст,-афзуд манбаъ.

Хотиррасон  мешавем, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.

 

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ/IRS

Март 9, 2022 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар