Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо: Беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд
ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар ин самт мушкилиҳо низ ба назар мерасанд. Аз масъулини мақомоти вобастаи даъват тақозо карда мешавад, ки барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои муассир андешанд. Шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз миёни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин бора Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо зимни оғози машғулияти методӣ-таълимӣ, ки дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо мақсади сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ доир гардид, изҳори назар кард.
Қабл аз оғози машғулияти таълимӣ роҳбарияти Вазорати мудофиа нахуст доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, тақвият бахшидани ҳайати захираҳои сафарбарӣ, омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани талаботи Нақшаи мудофиаи ҳудудӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар масъалаҳои вобаста ба тайёрии масъулин дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон аз иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддӣ талаб карда шуд.
Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвандон ба унвонаш иброз дошт, ки масъулини соҳа ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам ҷоннок намуда, бобати ҳалли мушкилот ва дигар масъалаҳое, ки ба даъвати ҷавонписарон марбут мебошанд, дар чаҳорчӯбаи қонун сари вақт қарори дахлдор қабул намоянд.
Илова бар ин, супориши қатъӣ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо, таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намудан нисбат ба иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон диққати ҷиддӣ равона карда шавад.
Баъд аз анҷоми ҷаласа бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҷамъомади таълимӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки 4 марти соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёнии ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба тасвиб расид.
АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ








Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд






