Ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» дар шакли видеоконференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирк намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама роҷеъ ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Япония, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 таҳкими ҳамкорӣ барои назорати сарҳад, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои рушд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, энергетика, саноат, тандурустӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва технологияҳои муосир ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкории хубро бо ҷониби Япония ба роҳ мондааст.
Дар фарҷоми нишасти мазкур ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо судманд дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» изҳор намуданд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ









Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






