БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Ҳисор маркази муҳташами савдою хизматрасонӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 03.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор маркази муҳташами савдою хизматрасонӣ ба истифода дода мешавад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки Маркази савдою хизматрасонӣ бо саҳми соҳибкорони бурунмарзӣ, бародарон Сатторовҳо бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад.
Соҳибкорон тасмим гирифтаанд дар арафаи ҷашнҳои қарибулвуқӯъ корҳои сохтмониро дар иншоот анҷом бахшида, ба муносибати 35-солагии ҷашни истиқлол бинои хуштарҳу замонавиро пешкаши сокинону меҳмонони шаҳр намоянд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Сомон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки аз хориҷи кишвар зинаҳои равон (эскалатор) дастрас шуда, айни ҳол насбу васли онҳо идома дорад. Бунёд ва ба истифода додани чунин марказҳои савдою хизматрасонӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, балки фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ободу зебо гардонидани маҳали зист мусоидат менамояд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






