Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид

Апрель 18, 2022 13:54

ДУШАНБЕ, 18.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 апрели соли равон Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026 тасдиқ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳадаф аз барномаи мазкур мукаммалгардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар, инчунин ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинони пойтахт ва таъмини варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.

Тибқи қарори дахлдор, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барнома ва нақшаи мазкур муқаррар шуда, вазифадор гардидааст, ки бо сохторҳои марбута ҳамкорӣ ба роҳ монда, амалӣ гардидани онҳоро таъмин намояд.

Инчунин Раёсат муваззаф гардидааст, ки ҳар сол  то 10 январ доир ба корҳои анҷомёфта ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2022 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид