БО ДАСТГИРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ФИЛМИ МУШТАРАК ДАР БОРАИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ БА НАВОР ГИРИФТА МЕШАВАД. Агентии миллии иттилоотии «УзА» оид ба Рӯзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон

Апрель 5, 2022 12:28

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 март то 2 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Узбекистон ва Шӯрои IV директорони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон бо иштироки директори генералии Агентии кинематографияи Узбекистон Фирдавс Абдухолиқов, раиси созмони эҷодии Иттифоқи синамогарон Матёқуб Матҷанов, синамогарон Рашид Маликов, Лола Элтоева, Умед Искандаров, Нигина Анорбоева, Фурқат Усмонов, инчунин роҳбарони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон доир гардид, менависад Агентии миллии иттилоотии Узбекистон «УзА».

Дар доираи Рӯзҳои кинои Узбекистон ба тамошобинон филмҳои бадеии «101 парвоз», «Бир кунлик тӯй», «Туткунлик» ва филми ҳуҷҷатии «Матонат мактабӣ» намоиш дода шуданд. Ҳамаи филмҳои номбаршуда бо дархости Агентии кинематографияи Узбекистон ба навор гирифта шудаанд. Нахустнамоиши филмҳо дар шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шабакаи телевизионии «Синамо» намоиш дода шуд.

«Аз таърихи кинои узбек маълум аст, ки дар филмҳо тавозуни ҳаёти фарҳангию маънавии халқҳои мо ва наздикии анъанаҳои мо инъикос  ёфтаанд»,- гуфт пас аз намоиши филми «Туткунлик» коргардон Рашид Маликов. Аз соли сипаригардида инҷониб муносибатҳои фарҳангӣ мустаҳкам шуда, дар Узбекистон ва Тоҷикистон рӯзҳои кино доир гардиданд. Корҳо оид ба эҷоди лоиҳаҳои муштарак оғоз ёфтанд. Мо хеле шодем, ки кинои узбек чун шумо мухлис дорад!».

ДАР АКС: ходимони кинои Узбекистон — иштироккунандагони Рӯзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон. Акс: УзА

Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон бори нахуст дар чаҳорчӯби маросими супоридани нахустин ҷоизаи миллии тоҷикӣ- «Тоҷи сомон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ аъзои ҳайати Узбекистон низ ширкат намуда, ба ғолибон ҷоизаҳо тақдим карданд.

Зимни боздид рӯнамо бахшида ба филми Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ баргузор шуд. Сипас, бо назардошти фикру андеша ва пешниҳодҳои ҳарду ҷониб консепсияи филм тасдиқ гардид.

«Ҷомӣ ва Навоӣ ифтихори халқи тоҷиканд. Дар бораи ин мутафаккирони бузург то ба ҳол ягон филми калони бадеӣ ба навор гирифта нашудааст, — гуфт директори китобхонаи Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология Шодимуҳаммад Суфизода.- Филми нави бадеӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҷомӣ ва Навоӣ, ки дар назар аст дар якҷоягӣ наворбардорӣ шавад, арҷгузории шоиста ба шахсият ва хотираи мутафаккирони бузург хоҳад буд. Аз ҷумла  мо хеле хурсандем, ки коргардонҳои кишвари мо дар ин кор саҳм мегузоранд!».

«Барои филми мазкур маълумоти зиёде ҷамъоварӣ карда шудааст, бо муҳаққиқони узбеку тоҷик гуфтушунидҳо сурат гирифтаанд», — гуфт нависандаи филм Рустам Ҷабборов. – Дар асоси маълумоти аз онҳо гирифта сенария навишта шуда, зимни муҳокима лоиҳаи он маъқул дониста шуд».

Ёдовар мешавем, ки ғояи эҷоди филми муштаракро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев зимни вохӯрӣ дар Душанбе баён дошта буданд. Сарони ду давлат аз пешниҳоди эҷоди филми муштараки бадеӣ дар бораи дӯстии гузаштагони бузурги мо — Навоӣ ва Ҷомӣ ҷонибдорӣ карданд.

Ҳама чорабиниҳо бахшида ба сафари ҳайат ва Рӯзҳои кинои  Узбекистон тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон ба таври васеъ инъикос карда шуданд.

«УзА»

ДАР АКСИ БОЛО: боғи Алишер Навоӣ дар Душанбе. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2022 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид