«БОХТАРФУД-2022». Дар маркази вилояти Хатлон Форуми байналмилалии содиротӣ доир мешавад

Апрель 13, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ташаббуси  Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд Форуми байналмилалии содиротии «Бохтарфуд-2022» баргузор мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, ҳадафи форум- ин мусоидат ба содирот тавассути рушди савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ мебошад. Барои иштирок дар форум бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва харидорон аз кишварҳои  хориҷӣ даъват шудаанд.

Дар доираи форум баргузории намоишгоҳи тиҷоратӣ, ташкили вохӯриҳои B2B ва B2G дар назар аст.

Барномаи форум ҷаласаҳоро оид ба марказҳои консолидатсионӣ, маркетинг ва пешбурди содирот, таъмини риояи стандартҳо ва талаботи бозорҳои содиротӣ дар бар мегирад.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад