ДАР ДОИРАИ СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Турсунзода коргоҳи истеҳсоли нони хушк ба истифода дода шуд

Апрель 3, 2022 10:12

ТУРСУНЗОДА, 03.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи татбиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ «Сардор-2008» бо иштироки Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода коргоҳи нави муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли нони хушк аз тарафи соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов ба истифода дода шуд. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Коргоҳи нави нони хушк бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз буда,  4 номгӯи маҳсулотро  бо 8 таъм истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардонад. Сафи кормандони ин коргоҳ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ  ба 30 нафар расонида шуд.

Ёддовар мешавем, ки корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ «Сардор-2008» 7 сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корхона дорои 6 сех, аз ҷумла, сехҳои истеҳсоли картошкаи хушк, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимакка, сақич, ҳалво, сехи истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр ва озмоишгоҳ иборат буд. Дар ин корхона  250 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, зимни ифтитоҳи корхона аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ба соҳибкор дастуру супоришҳои мушахас дода буд.

Соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов дар маросими кушодашавии навъҳои гуногуни коргоҳи нони хушки ин корхона изҳор намуд, ки “дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  рушди соҳибкорӣ беназир мебошанд. Дарстгириҳои пайвастаи ин шахсияти таърихӣ буданд, ки имрӯзҳо мо, соҳибкорон дар кори худ муваффақ ҳастем. Миннатдории хешро ба Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоям ва минбаъд низ фаъолияти корхонаро васеъ намуда, дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат саҳм мегузорам”.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 3, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад