Дар Душанбе масъалаҳои зиёд кардани гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Литва баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Гинтаутас Васюлис мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ ва мусоидат намудан ҷиҳати содироти маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷӣ, металлҳои ранга, мева ва сабзавоти хушк мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисодии ҳарду мамлакат, бахусус ба маротиб зиёд кардани гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ суҳбат намуданд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






