ЭЪЛОН! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пурра ба бинои собиқи МТС кӯчид

Апрель 19, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо нашри як эълон  ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хабар додааст, ки аз ин ба баъд  ба кормандони шаҳрдорӣ бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ -40 (бинои собиқи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)  муроҷиат намоянд.

«Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки то ин муддат дар хиёбони Рӯдакӣ- 80 фаъолият доштанд, аз ин ба баъд фаъолияти кории худро дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 идома медиҳанд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ҷиҳати баррасии мушкилот ва дигар талаботи шаҳрдорӣ ба суроғаи нави мақомот <… > муроҷиат намоянд», —   омадааст дар эълон.

Қаблан дар бинои мазкур Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло дар бинои собиқи Иттифоқи рассомон воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 89), Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ-42), Агентии миллии итиилоотии Тоҷикистон «Ховар» (ҳоло дар бинои КТН «Шарқи озод»,  хиёбони  Саъдии Шерозӣ — 16), Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло дар бинои собиқи Сарраёсати хазинадории Вазорати молия воқеъ дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо -3) ва  МД «Маркази исломшиносӣ» (ҳоло дар бинои Шӯрои уламои Тоҷикистон, кӯчаи Шодмонӣ — 58) фаъолият менамуданд.

Апрель 19, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид