ФОРУМИ БОАО. Осиё ба сӯи дигаргунсозии «сабз» ҳаракат мекунад
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо зуд-зуд ба амал омадани ҳодисаҳои шадиди иқлимӣ ба кишварҳои ҷаҳон зарурати фаврӣ барои татбиқи дигаргунсозии сабз вуҷуд дорад ва кишварҳои Осиё ба ин даъват оҷилӣ ва масъулиятшиносона вокуниш нишон медиҳанд. Дар ин бора маълумоти гузориши Форуми осиёии Боао (БАФ), ки имрӯзҳо дар музофоти ҷанубии Хайнани Чин ҷараён дорад, шаҳодат медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Синхуа иттилоъ медиҳад.
То охири соли 2021 25 кишвари Осиё ваъда додаанд, ки ба бетарафии карбон ноил шаванд, омадааст дар гузориши солонаи БАФ «Рушди устувор: Осиё ва ҷаҳон». Бо мақсади беҳтар кардани идоракунии сабз ҳукуматҳои Осиё тадбирҳо андешиданд, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳо ё комиссияҳои роҳбарикунандаи сатҳи баланд, ки таҳия ва татбиқи стратегияҳои миллии партовҳои холиси сифрро назорат мекунанд, инчунин муайян кардани ҳадафҳои декарбонизатсия, таҳияи харитаҳои роҳ барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ва ба вучуд овардани системаҳои савдои карбон, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Ҳатто сарфи назар аз пандемияи COVID-19 тақрибан 50 фоизи маблағгузории ҷаҳонии иқлим соли 2020 ба Осиё рост меояд, дар ҳоле ки ин омор дар Аврупои Ғарбӣ 17 фоиз ва дар ИМА ва Канада 13 фоизро ташкил додааст, гуфта мешавад дар гузориш бо такя ба манбаъҳои муътамади Ташаббус оид ба сиёсати иқлим (CPI). Илова бар ин, кишварҳои Осиё сафарбаркунии ҷаҳонро барои маблағгузории сабз ва устувор идома медиҳанд.
Бар асоси ин гузориш, минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо саҳми 22,6 дарсад дар соли 2021 дар барориши вомбаргҳои «сабз» дар ҷаҳон дар ҷои дуюм қарор гирифтааст, дар ҳоле ки 39 дарсади вомбаргҳои сабзи муомилотшуда дар Осиё бо юани чинӣ номбар шудаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бозори неруи бодӣ ба вуҷуд омадааст ва ҷорӣ намудани неругоҳҳои нави фотоэлектрикӣ дар Осиё соли 2020 идома ёфт.
Илова бар ин, ба гуфтаи муаллифони гузориш, ширкатҳои осиёӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим шӯҳратпараст буданд. Ҳамин тариқ, 440 нафари онҳо ба ташаббуси ҳадафҳои илман асосёфта ҳамроҳ шуданд, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат. Ин корхонаҳо роҳҳои мухталифи пешбурди табдили сабз, аз ҷумла гузаштан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтани сохторҳои идоракуниро барои мусоидат ба рушди устувор истифода кардаанд.
МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:
Боао як шаҳраки хурдест, ки дар шимолу шарқи ҷазираи Ҳайнан дар ноҳияи Тсюнхай ҷойгир аст. Аҳолии ноҳия 490 ҳазор нафар буда, масоҳаташ 1710 километри мураббаъ аст. Шаҳри Боао дар 90 км-ии фурудгоҳи Ҳайкоу қарор дорад. Ин шаҳр ба шарофати Форуми Осиёии Боао (BFA)- як чорабинии байналмилалии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ бо санаи муайян ва макони доиман муқарраршуда маъруф аст.
АКС: АИ «Синхуа»








Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Cоли 2025 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 27 фоиз зиёд гардидааст
Дар Хатлон ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор шуд
Дар самти рақамикунонӣ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ беш аз даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расонид
Дар мавзеи Ҳафтзағораи Панҷакент боғи нав бунёд мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна гандум ворид карда шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун кишти картошка идома дорад
Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 14,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд
Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад зиёд гардид
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид






