Имрӯз дар Чимкент ҷаласаи Кумитаи зиддиҳавоии мудофиавии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

Апрель 12, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои зиддиҳавоии мудофиа (ЗҲМ) дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ 12 апрел дар Чимкент дар ҷануби Қазоқистон доир мегардад. Дар ин бора рӯзи душанбе хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Дар кори кумита ҳайатҳои вазоратҳои мудофиаи Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндагони комплекси ҳарбӣ-саноатӣ ва ташкилот дар соҳаи тадқиқот ва тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд.

«Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои такмили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ ва таҳкими ҳамкории бисёрҷонибаи низомӣ баррасӣ мешаванд», — омадааст дар хабар. Бино ба иттилои вазорат, дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз ва мақомоти кории он дар як соли охир ҷамъбаст ва вазифаҳо барои давраи оянда муайян гардида, масъалаҳои баргузории чорабиниҳои муштараки фаврӣ-ҷанговарии низомиёни ҳайати низоми ягонаи мудофиаи ҳавоии ИДМ дар соли 2022 баррасӣ мешавад.

Тибқи иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, 12-14 апрел дар Чимкент инчунин машқҳои якҷояи ситоди гурӯҳи компютерии системаи ягонаи зиддиҳавоии мудофиаи кишварҳои узви ИДМ «Бехатарии минтақавӣ-2022» ташкил карда хоҳад шуд. «Ҳаракатҳои низомӣ дар ду манзилгоҳ гузаронида мешаванд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои омодагӣ ва истифодаи низомиёни мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ ва Қазоқистон таҳия карда мешавад. Масъалаҳои  омӯзишӣ ва ҷангӣ барои муқобила бо душмани шартӣ дар ҳаво аз ҷониби мутахассисони дифои ҳавоӣ дар нуқтаҳои автоматикунонидашуда, ки ба шабакаи умумии иттилоотии маҳаллӣ пайвастанд, анҷом дода мешаванд», — шарҳ дод вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Тавре зикр намуданд, машқҳои компютерии фармондеҳию ситодӣ дар бисёр кишварҳо самти умедбахши такмили омодагии ҷангии кадрҳои низомӣ мебошанд. «Ин усули роҳандозӣ имкон медиҳад, ки намудҳои мухталифи вазъият, истифодаи неруҳо ва воситаҳои дифои зиддиҳавоӣ ба зудӣ татбиқ карда шаванд»,-гуфтанд дар хадамоти матбуотӣ.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 12, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст