«Моликияти зеҳнӣ ва ҷавонон: Инноватсия барои ояндаи беҳтар». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ ва ҷавонон: Инноватсия барои ояндаи беҳтар» бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки ҳамасола 26 апрел дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.
Дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои фарҳанг, кишоварзӣ, маориф ва илм, намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва ихтироъкорону молистеҳсолкунандагони ватанӣ иштирок намуданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ аз оғози фаъолият ҷиҳати татбиқи афзалияти сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, махсусан ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ, ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотнокии ҷомеа ва рушди соҳа корҳои муҳимро иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
«Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати мамлакат талабот ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илм, маориф, инноватсия, ихтироъкорӣ, махсусан татбиқи ихтироот дар истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Имрӯз дастовардҳои ихтироъкорони моро дар арсаи байналмилалӣ эътироф менамоянд ва онҳо бо ҷоизаҳои олӣ қадрдонӣ карда мешаванд»,-афзуд Абдураҳмон Абдураҳмонзода.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Мирзо Исмоилзода вобаста ба вазъи соҳаи моликияти зеҳнӣ дар мамлакат маълумот дода, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро ба соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд созишномаву шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ ҳамроҳ гардида, бо идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.
Мирзо Исмоилзода иброз намуд, ки бо шарофати имконияти фароҳамовардаи Истиқлоли давлатӣ ва андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майлу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз соли 1993 то инҷониб бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, олимону эҷодкорон аз ҷониби муассиса дар ду сол як маротиба Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад, ки то ба имрӯз 22 ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 14 нафар соҳиби медали тиллои ба номи В.И. Блинникови Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ («Барои саҳм дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ») ва 26 нафар ихтироъкорони ҷумҳурӣ соҳиби «Нишони фахрӣ»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои давлатӣ тадбирҳои мушаххас ба нақша гирифтааст.
Дар фарҷоми ҷамъомад аз ҷониби муассиса як гурӯҳ ихтироъкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди соҳаҳои ихтироъкорӣ ва истеҳсолии мамлакат қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд
Бадахшон минтақаи дорои имконияти бузурги энергияи офтобӣ аст
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
Соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд






