Муассисаҳои кишоварзии Тоҷикистон ба муқовимати таъсирбахш бо тағйирёбии иқлим омода мешаванд

Апрель 15, 2022 13:03

ДУШАНБЕ, 15.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ, Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit) тавассути Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот «TRIGGER» аз 9 март то 1 апрели соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Панҷикент ва Гулистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим як қатор тренингҳо гузаронид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар намояндагӣ хабар доданд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон муштарак маблағгузорӣ карда мешавад.

Дар намояндагӣ шарҳ доданд, ки бо қатъ шудани занҷирҳои арзиши минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин болоравии нархи маводи ғизоӣ бар асари пандемияи COVID-19 ва ҳаводиси охир дар ҷаҳон, зарурати истеҳсол ва коркарди маводи ғизоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи нави таъхирнопазир мерасад. Дар баробари ин, кишвар ва иқтисодиёти он бо оқибатҳои назарраси тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки мушкилоти мавҷударо дар соҳаи кишоварзӣ ва инчунин идоракунии захираҳои оби боз ҳам шадидтар менамояд. Масъалаи охирин махсусан ба бад гардидани ҳолати заҳираҳои табии дар натичаи эрозияи замин, обхезӣ ва кам шудани заминхои корам дахл дорад.

«Ҳарорати миёнаи солона дар кишвар дар давоми 30 соли охир дар як даҳсола 0,5 дараҷа зиёд шуд. Шароити номусоиди обу ҳаво, аз қабили ҳавои сӯзон, боришоти шадид ва сармоҳои бармаҳали баҳории деррас бештар шуда, дар манотиқи мухталиф боиси нокомӣ ва талафоти зиёди ҳосилот мегарданд. Ғайр аз ин, хавфи касалиҳои ҳайвонот ва растанй зиёд мешавад. Пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки ин тамоюлҳои иқлимӣ дар солҳои оянда ва даҳсолаҳои оянда идома ёфта, шиддат мегиранд ва ба ин васила самаранокии соҳибкории кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар мегузоранд. Баҳри беҳтар омодасози ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, таҳким ва баланд бардории иқтидори аҳолӣ хеле муҳим аст», — тазаккур дод манбаъ.

Се тренинге, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва Ваҳдат (Ромит) гузаронида шуданд, ба рушди донишу малакаҳои шарикони лоиҳа, мушовирони деҳот ва агрономҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии деҳқонон оид ба тағирёбии иқлим ва ҳамгироии тадбирҳои мутобиқшавӣ, бахусус дар водиҳои Зарафшон ва Рашт равона карда шуданд. Илова бар ин, онҳо усулҳои гуногуни интиқоли дониш ва малакаҳоро дар дохили созмон ва гурӯҳҳои мавриди ҳадаф омӯхтанд. Мундариҷа ва методологияи тренинг ба курси Интегратсияи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ба банақшагирии рушд асос ёфтааст.

Тренинги чорум дар Гулистон баҳри тақвият додани фаҳмиши шарикони татбиқкунанда, ширкатҳои шарики онҳо ва таъминкунандагони хизматрасонии муносиб оид ба тағирёбии иқлим таъсироти манфӣ ва эҳтимолан мусбати тиҷоратии он равона карда шуда буд. Онҳо тарзи муайян кардани хатарҳо ва имкониятҳои ширкатҳо, таҳия ва татбиқи стратегияҳои омодагӣ ба тағирёбии иқлимро омӯхтанд. Ин консепсия ба Таҷҳизот барои мутахассиси иқлимӣ, ки аз ҷониби GIZ таҳия дода шудааст, асос меёбад.

Ҳамаи чаҳор тренингҳо барои тренерон як қисми ташаббусҳои рушди иқтидори GIZ, аз ҷумла машқ кардани тренерони нав дар муҳити корӣ ва форматҳои мубодила ва омӯзиш дар фасли тобистон мебошанд. Илова бар ин, дар нимаи дуюми соли 2022 омӯзиши пешсафон дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим оғоз мешавад, ки ба паҳн гардидани аҳамияти тағирёбии иқлим барои тиҷорат дар сатҳи миллӣ бахшида шудааст. Лоиҳа бо кӯмаки иштирокчиёни омӯзонидашуда кӯшиш мекунад, ки осебпазирии деҳқонон, гурӯҳҳои истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои хурду миёна аз тағирёбии иқлимро дар доираи занҷирҳои интихобшудаи арзиш ва баланд бардоштани қобилияти мутобиқшавии онҳо ба тағирёбии иқлим коҳиш диҳад.

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ GIZ “Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)” лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) барои баланд бардоштани арзиши иловагии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад.

МАЪЛУМОТНОМА:

Максади лоихаи IRDP/TRIGGER ин баланд бардоштани арзиши иловагии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад. Компонентхои 2 ва 3 лоиха – Мустаҳкам намудани самаранокии занҷирҳои интихобшуда ва Рушди бозор ва пешбурди содирот – ҳадафи беҳтар намудани салоҳиятҳои техникӣ ва соҳибкории хурди деҳқонӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии хоҷагиҳо ва сифати маҳсулоти хоҷагӣ дар занҷирҳои арзиш ба монанди зардолу, себ ва картошка мебошад. Илова бар ин, лоиҳа омодагии содирот, малакаҳои соҳибкорӣ ва робитаҳои фарогири тиҷоратии корхонаҳои хурду миёнаро бо фермерҳои истеҳсолкунандаи хурд афзоиш медиҳад.

Рақобатпазирии маҳсулоти маҳаллӣ афзоиш ёфта, дастрасӣ ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ тақвият дода мешавад. Дар маҷмӯъ, лоиҳа дониш, малака ва амалҳоро оид ба мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ такмил медиҳад.

АКС: Намояндагии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон

Апрель 15, 2022 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо аморати Рас-ал-Хайма дар таҳияи барномаҳои зеҳни сунъӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об дар Ню-Йорк баррасӣ шуд
Дар шафати роҳҳои Тоҷикистон 30 адад нуқтаҳои баркашӣ бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ муҷаҳҳаз фаъолият доранд
Масъалаи таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
РУШДИ САНОАТ. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд
Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёӣ ҳамкориро тавсеа мебахшанд
Соли равон дар вилояти Суғд 55559 тонна картошка ва 37415 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст
Дар Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Маркази СММ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ иштирок намуд