ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+16 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
АКС: Дидор Саъдуллоев








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






