ҲОМИИ МАРЗИ ТУ МОЕМ, ЭЙ ВАТАН! Ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди Исфара ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд

Апрель 1, 2022 13:53

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Ба ин муносибат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавононе, ки хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намудаанд, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни ҳамоиш изҳор дошт, «нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ гувоҳӣ медиҳад. Зеро дар оғоз ва нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати баҳорӣ ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ ва Нурафшон аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ паём расониданд».

Зикр шуд, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандории мо, тоҷикон мебошанд. Ва маҳз рӯҳи бегазанди онҳо имрӯз ҳомиёни ояндаи Ватанро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят менамояд.

Ҳозирини ҳамоиш аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, бо тазаккури зарурати дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффарияти беназир таманно намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин собиқадори меҳнат Гулафзо Савриддинова, модари даъватшаванда аз деҳаи Кулканд Уғулхон Кудратова сухан гуфта, ба ҷавонони дар мавсими баҳорӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори сипос  карданд.

Сарбози навдаъват Аҳадҷон Қудратов изҳор дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ мебошад ва ҷавонони синни даъватӣ барои ба ҷо овардани хизмати Модар-Ватан бояд камар банданд.

Зеро аскарӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона, расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар ва насими форами зодгоҳ аст.

Мавсуф аз номи ҷавонони баору номус, ҷавонмардони ҳақиқие, ки ифтихори баланди миллӣ доранду Ватанашонро аз сидқи дил дӯст медоранд, дар назди аҳли ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок адо хоҳад кард

Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ва шодиву нишоти сарбозону наваскарон анҷомбахши ин ҷамъомади бошукӯҳ буд.

АКСҲО: МИҲД ш. Исфара

Апрель 1, 2022 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли 70 кг маводи нашъадор пешгирӣ гардид
Дар Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат 7 даста аз давлатҳои ИДМ иштирок менамояд