Пагоҳ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад

Апрель 25, 2022 11:33

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Иттиҳод дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ ният доранд чор масъаларо муҳокима кунанд. Миёни онҳо ҷараёни тайёрӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор доранд.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ қарор аст 13 май дар шакли ҳузурӣ дар Душанбе баргузор шавад. Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 20 май ба тариқи видеоконфронс баргузор мешавад.

Намояндагони ваколатдори доимӣ ҳамчунин натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳоро бахшида ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ менамоянд.

Соли 2021 дар доираи соли мавзӯӣ дар кишварҳои узви ИДМ барои коршиносони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ якчанд чорабиниҳои густурда баргузор гардиданд. Аз ҷумла, конфронсҳои мавзӯӣ, фестивалҳо, озмунҳо, дарсҳои маҳорат, намоишҳо, лексияҳо ва машваратҳо, ки заминаи таҳияи сиёсати мувофиқашуда барои ҳамкории минбаъдаи судманд миёни давлатҳои Иттиҳод дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки макони табодули таҷриба бобати истифода бурдани таҷрибаи пешқадам шудаанд.

ДАР АКС: Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод. АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Апрель 25, 2022 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд