Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии мактаб дар деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб шинос шуд

Апрель 5, 2022 14:51

ДУШАНБЕ, 05.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, корҳои созандагию ободонӣ ва  иҷрои корҳои сохтмонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб омаданд, хабар дод масъули бахши матбуоти Раиси шаҳри Кӯлоб Далер Шарифов ба АМИТ «Ховар».

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Амрохон Қурбонзода ва дигарон истиқбол гирифтанд.

Сарвазири мамалакат Қоҳир Расулзода  ва ҳайати ҳамроҳҳонаш нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмонии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор»-и  деҳаи Гулистони шаҳри  Кӯлоб дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур дар доираи амалигардонии марҳиллаи IV Фонди Саудии Рушд ба нақша гирифта шуда, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, пудратчии он  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй Рем» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панасия ЛТД» мебошад.

Корҳои сохтмони дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, тибқи нақшаи корӣ моҳи апрели соли 2022 ба анҷом расонида мешаванд. Ин иншооти ҷашнӣ тибқи лоиҳаи тасдиқгардида аз ду ошёна, 11 синфхона, 2 утоқи корӣ,  аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, утоқи директор, хонаи муаллимон, ҳуҷраи хоҷагӣ,  буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, анбор барои нигоҳ доштани ангишт, ҳавзи нигоҳдории об ва зеристгоҳи мустақими барқи 160 кВт иборат буда, муассиса барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар ин минтақаи сохтмонӣ  корҳои оҳану бетонӣ, рангу бори дохил ва беруни бино, насбу васли дару тирезаҳо, фаршу шифт пурра ба анҷом расида, саҳни ҳавлии он сафолакпӯш карда шудааст.


Айни замон  корҳои тахту ҳамворкунии майдончаи футбол, волейбол ва баскетбол низ бо маром идома доранд.

Қоҳир Расулзода оид ба  вусъат бахшидани корҳо дар сохтмони мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сарвазири  мамлалкат Қоҳир Расулзода дар ин рӯз  ҳамчунин дар маъракаи кишти пахта дар Кооперативи тухмипарврии “Сабз-Н”  иштирок намуд.  Роҳбари хоҷагии тухмипарварии «Сабз-Н»Нуралӣ Шарипов ба Сарвазири мамлакат  иттилоъ дод, ки миқдори заминҳои хоҷагии тухмипарварии «Сабз-Н» 263 га , аз он ҷумла барои пахта 135 га, сабзавот 1,0 га, ғалладонагиҳо 60 га, ҷуворимакка барои силос 10 га, дигар зироатҳо 1,0 га буда, ҳамасола кишт гузаронида мешавад.


Дар хоҷагии тухмипарварии мазкур навъҳои чигити “Сабз-Н”, “65-30”, “Хатлон” ва гандуми тухмии “Краснодар”, “Сарвар”, “Садоқат” парвариш гардида,  75 га заминҳои ин хоҷагӣ ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд.

Дар мавсими имсола дар хоҷагӣ дар майдони 135 га замин пахта кишт карда мешавад,ки аз ин чигити навъи «Сабз-Н»  дар майдони 70 га, “6530”  дар майдони 80 га ва “Хатлон”  дар майдони 20 га кишт гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола хоҷагӣ наздики 304 тонна  пахта ҳосил ба даст оварда, иҷрои  дурнамои хоҷагиро таъмин менамояд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Апрель 5, 2022 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад