Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон 14 дастгоҳи бехатар маҳвкунандаи партовҳои тиббӣ тақдим кард
ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел 14 адад инсинераторҳо аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати мазкур.
Дастгоҳҳои мазкур дар доираи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) оид ба «Устувор намудани системаи глобалии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» харидорӣ карда шуданд.
Зимни тақдими ин дастгоҳҳо таъкид гардид, ки партовҳои тиббӣ ба кормандони соҳаи тиб, беморон ва муҳити атроф зарари зиёд мерасонанд, аз ин лиҳоз бехатар ҷамъоварӣ намудан, интиқол додан ва маҳв кардани партовҳои тиббӣ яке аз самтҳои афзалитяноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Дастгоҳҳои мазкур шароити мусоидро барои муттамарказ ва несту нобуд сохтани партовҳои тиббӣ фароҳам оварда, мувофиқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳо дастрас ва васл карда мешаванд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ










Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд






