ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, ҷумъа, 112-умин рӯзи соли 2022 аст

Апрель 22, 2022 08:00

22 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурӯҳи дӯстии «Фаронса — Осиёи Марказӣ»-и Сенати Ҷумҳурии Фаронсаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

7 сол пеш, 22 апрели соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар ноҳияи Ёвон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузоштанд.

22 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии Замин.

РӮЙДОДҲО:

22 апрели соли 2009 дар Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия муҳокима гардиданд.

***

22 апрели соли 2012 дар Федератсияи Русия намояндагии КВД «Тоҷикхориҷакор» ба фаъолият оғоз намуд.

***

8 сол пеш, 22 апрели соли 2014 Тоҷикистон дар шаҳри Сеул дар Форуми  «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ» иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 студияи телевизионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

***

22 апрели соли 1957 нахустин Маркази барқу гармдиҳии Душанбе ба кор шурӯъ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҳайати Парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои мухталифи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва конференсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2011 масоили густурдаи ҳамкории Тоҷикистон ва СММ муҳокима гардиданд.

***

Соли 1969 дар Хюстон аввалин ҷарроҳии пайвандсозии чашми инсон гузаронида шуд.

Апрель 22, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш