ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. Расо 24 сол муқаддам Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Расо 24 сол пеш, 18 апрели соли 1998 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.
Пас аз чаҳор сол, 18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардид. Вакилони Анҷуман Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси ҳизб интихоб карданд. Сарвари ҲХДТ дар Анҷуман ба сухан баромада, чунин таъкид намуданд: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслакони худро ёбанд».
13 декабри соли 2019 дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми ҲХДТ бо ширкати 1917 нафар вакилон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Абдуҷаббор Азизӣ — муовини якум, Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Собиқ муовини аввали Раиси ҲХДТ, ҳоло Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Саидмурод Фаттоҳзода дар арафаи ин анҷуман мақолае таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои миллӣ» нашр намуд, ки дар он Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро «ҳизби ормонҳои миллӣ» ва «зодаи тафаккури Пешвои миллат» номид.
Имрӯз тибқи омори расмӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 дарсадашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст, ки теъдоде ҲХДТ-ро ба унвони «ҳизби пешбарандаи ҷомеа», бахши дигаре «ҳизби аксарияти парлумонӣ» ва баъзеҳо «ҳизби ҳоким» меноманд.
Саидмурод Фаттоҳзода дар мақолааш менависад: «Дар хотир дорам, ҳамеша дар давраҳои интихобот рақибони сиёсӣ ва ҳатто баъзан ҳамсафони мо муваффақияту пирӯзиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба обрӯву нуфузи Раиси он, Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонистанд. Сари ин баҳс мо бояд талош ҳам накунем. Чунки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Роҳбари он аст, ки ҷавҳараш аз арзишҳои таърихӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик сиришта шудааст. Фаъолияти ҳизб бо сиёсати хирадмандонаи асосгузори он сахт алоқаманд аст, аз ин лиҳоз маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад».
Ба андешаи муаллиф, аз омилҳои дигари муваффақиятҳои ҲХДТ он аст, ки ин ҳизб идеяҳои стандартии сиёсиеро, ки дар ҷаҳон борҳо таҷриба шудаанд, нусхабардорӣ накардааст. Дар меҳвари фаъолияти худ танҳо арзишҳои ҷаҳони сармоядорӣ (капиталистӣ), либералӣ, иҷтимоӣ (сотсиалистӣ) ва диниву мазҳабиро қарор дода, бо онҳо маҳдуд нашудааст, балки беҳтарин дастовардҳои башариро бо тафаккури миллӣ ҳамоҳанг сохтааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид






