Ҳайати соҳибкорону сармоягузорони мисрӣ ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср ҳайати соҳибкорону сармоягузорони мисрӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Доираҳои соҳибкорию сармоягузории Миср бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои мудофиа, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Бонки миллии Тоҷикистон суҳбату мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро миёни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ менамоянд.
Инчунин доираҳои соҳибкорию сармоягузории Миср аз минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ва корхонаҳои саноатии ноҳияи Балҷувон, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб, Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», Осорхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз» ва Искандаркӯл боздид менамоянд.
Дар доираи сафари ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Арабии Миср интизор меравад, ки дар Душанбе бо иштироки доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Миср ҳамоиш доир гардида, дар он масъалаҳои ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо ин кишвари арабии қораи Африқо баррасӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки 10 марти соли равон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

ДАР АКС: Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои Миср, Қоҳира, 10 марти соли 2022. Акс аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср арзёбӣ намуда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Миср имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар робита ба ин аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд, таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногун ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.
ДАР АКСИ БОЛО: Соҳибкорони мисрӣ дар мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қоҳира, Миср, 10 марти соли 2022. Акс аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






