Ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид

Май 7, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 07.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолии кишвар, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии он, инчунин мубориза бо бемориҳои сироятиро дар қатори афзалияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиш доир ба баррасии  ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баён гардид.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиши мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати тиббии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Кристофер  Барретт, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Рустам Нуров, директори минтақавии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Дилором Қосимова ва роҳбарони якчанд муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки тайи ҳар муддати муайян бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ, тадбирҳои андешидашаванда ва натиҷаҳои бадастомада барномаҳои миллӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ карда мешаванд.

Дар идомаи ҳамоиш  ба иштирокдорон оид ба гузаронидани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар ноҳияҳои таҷрибавӣ навори видеоӣ пешниҳод гардида, якчанд мутахассисони соҳа доир ба ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Пешниҳоди Дастурамал оид ба идоракунии ҳамгироишудаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мавзӯъҳо сухан гуфтанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид