БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон 34 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ва 50 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд
ЁВОН, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бунёду навсозии 498 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Суҳроб Сиддиқзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон гуфтанд, ки нақшаи чорабиниҳои мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 таҳия шуда, дар доираи он дар ноҳия 34 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, 50 иншооти соҳаи тандурустӣ, 46 иншооти соҳаи маориф, 10 иншооти фарҳангӣ, 20 иншооти соҳаи варзиш, 23 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 30 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 142 иншооти хизматрасонию савдо ва 52 иншооти дигар бунёд мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 372 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






