Бо иқдоми соҳибкорон роҳи мошингарди Хуҷанд -Ашт бо таъмири хушсифат ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои аз таъмири хушсифат баровардани роҳи мошингарди Хуҷанд–Ашт бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорони ноҳияи Ашт 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шуда, дар назар аст, ки он тӯли 4- 5 моҳ ба истифода дода шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Раиси ноҳияи Ашт Ҳаётҷони Одил хабар дод.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суҳбат бо соҳибкорони ноҳия гуфт, ки “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зикр намуданд, ки дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритӯс, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад. Аз ин рӯ боварии комил дорам, ки бо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва ташаббусу кӯшишҳои якҷояи мо шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд мегардад. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии диёр назаррас мебошад. Аз ин рӯ итминони комил дорам, ки барои таъмир намудани роҳи Хуҷанд-Ашт соҳибкорону саховатмандони бо нангу номуси ноҳия бетарафӣ зоҳир намекунанд”.
Дар идомаи суҳбат бо ташаббус ва дастгирии 72 нафар соҳибкорони меҳанпараст 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағи интизорӣ ҷамъ гардид.
Ба соҳибкорон, аз ҷумла Муҳиддин Исоқов, Фируз Холматов, Баҳодур Музаффаров, Алишер Абдураҳимов, Шерзод Мирзоев, Ҷамшед Ашуров барои амалисозии иқдомҳои неку хайрхоҳона дар ободу зебо гардонидани диёр, ҳиссаи ватандӯстонаву ҳимматбаландона ва гузоштани саҳми назаррас дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
АКС: МИҲД-и ноҳияи Ашт








Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд






