ЧАРО МУАЛЛИМ НАМЕРАСАД? Дар вилояти Суғд масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро баррасӣ намуданд

Май 26, 2022 10:27

ДУШАНБЕ, 26.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сабаби асосии ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳо дар баробари сабабҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин нагардидани имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Суғд  мебошад. Ин масъала зимни санҷиши гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илм ошкор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни тафтиши гурӯҳи корӣ дар муассисаҳои таълимии вилояи Суғд ошкор гардид, ки ҳарчанд ки ба 67 нафар мутахассисони ҷавон қарзҳои имтиёзнок ва ба 22 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда бошад ҳам, ин фоизи ниҳоят паст мебошад. Ба истиснои шаҳри Хуҷанд (2 нафар), Исфара (1 нафар) ва ноҳияи Ашт (17 нафар) дар дигар шаҳру ноҳияи санҷидашуда ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, замини полезкорӣ ва боғдорӣ дода нашудааст.

Зикр шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 23 ҳазору 948 омӯзгор (18668 зан) фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 20679 нафар (15843 зан) дорои маълумоти олӣ ва 3269 нафар (2825 зан) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд 1099 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхат ба мактабҳо фиристода шуда, 845 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд, ки 76,8%-ро ташкил медиҳад. Илова бар ин, зиёда аз 635 нафар мутахассиси ҷавон аз ҳисоби муҳассилини гурӯҳҳои ғоибона ва шартномавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Аз шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда норасоии кадрҳои омӯзгорӣ танҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ 12 нафар ба қайд гирифта шуд.

Таъкид гардид, ки ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара тибқи талабот набуда, сабаби асосии ҳозир нашудан дар баробари сабабҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин нагардидани имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  масъулинро вазифадор намуд, ки онҳоро дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф намуда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот диҳанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маоиф дорои имтиёзҳои гуногунанд. Дар моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои омӯзгорон  аз ҷумла чунин имтиёзҳо  пешбинӣ гардидаанд:

— омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

— ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омўзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

— барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

— бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

— омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз рухсатии дарозкардаи пардохтшаванда истифода менамоянд;

— омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на кам аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муасисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

— омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

— барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2022 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст