Дар Душанбе Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор мешавад

Май 31, 2022 13:25

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022  дар Душанбе баргузор мегардад. Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид  /СММ/ ва дигар шарикон  гузаронида шуда,  ба сифати маркази конфронси СММ оид ба Даҳсолаи миёнамуҳлати об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хизмат мекунад.

Сомонаи конфронс (www.dushanbewaterprocess.org), саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Twitter (@DWaterProcess) ва Facebook (Dushanbe Water Process) мунтазам бо иттилооти муҳим мукаммал мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки  дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи чорабинӣ иборат аз 11 нафар таъсис дода шудааст, ки ба сарони давлату ҳукуматҳо, роҳбарияти СММ ва дигар созмонҳои марбутаи байналмилалӣ даъватнома ирсол намудааанд. Дар робита ба ин беш аз 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аллакай сабти ном шуда, иштироки худро тасдиқ кардаанд. Қаблан ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, коршиносон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки хоҳиши дар Конфронси дуюми Душанбе ширкат варзидан доранд, барои сабт дар сомонаи www.dushanbewaterprocess.org/registration/ даъват шуда буданд.

   АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2022 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон