Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад

Май 29, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 29.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июн дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.

Дар доираи барномаи мазкур кӯдаконро шакли зиндаи одамони «Асри санг», «Маликаи Саразм», «Кентавр», инчунин саволу ҷавобҳо, қироати шеър дар васфи Ватан — Модар ва чистонҳо интизоранд. Инчунни ба ғолибон шириниҳо туҳфа карда мешаванд. Барномаҳо ва тамошои онҳо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан кӯдакон таъсири мусбат расонида, онҳоро болидарӯҳ ва хушҳол менамоянд.

Ҳадаф аз баргузор намудани ин барномаҳо- фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон дар муассисаҳои фарҳангӣ буда, ҳамзамон инкишоф додани қобилияти зеҳнии бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд