Дар Рашт ба 80 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд

Май 29, 2022 09:57

ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ташаббуси бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) ноҳияи Рашт дар ҷамоати шаҳраки Навобод ҳамоиши идонаи фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он ба 80 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд тақдим гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагон, меҳмонон, зиёда аз 200 нафар падарону модарон ва ҷавонону фаъолони ҷамоат иштирок намуданд. Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Рашт Нилуфар Мирзозода зикр кард, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. «Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Аз ин рӯ, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд», — гуфт ӯ.

Инчунин мавсуф илова намуд, ки ин ҷашн ба калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши онҳост.

«Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем», — тазаккур дод Нилуфар Мирзозода.

Тибқи иттилои масъулини бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур,  соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навобод, Тагоба, Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум ва Аскалон ба зиёда аз 350 нафар кӯдакон оилаҳои камбизоате, ки муҳлати саривақт гирифтани шаҳодатномаи тавалудашон гузаштааст ва волидайни онҳо имконияти супоридани ҳаққи хизматрасонии шаҳодатномаро надоранд, шаҳодатномаи ройгон дода шуд.

АКС: САҲШ-и ноҳияи Рашт

Май 29, 2022 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад