ДАР РУСИЯ ШУМОРАИ НАФАРОНИ ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ БО COVID-19 БИСТАРИШУДА СЕ МАРОТИБА АФЗУД. Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон чӣ гуна назорат мешавад?

Май 13, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Русия дар як шабонарӯз 4065 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, ки як рӯз пеш шумораи он 4102 ҳолатро ташкил медод. Теъдоди бистаришавӣ дар як шабонарӯз 3353 ҳолат (196,2%)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 11 май 1132 ҳолат зиёд аст. Шабонарӯзи охир 6930 нафарро аз беморхона рухсат доданд, ки назар ба рӯзи гузашта 37,4% бештар аст. Шабонарӯзи охир дар Русия 111 фавт ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст ситоди фаврии федералии мубориза бо COVID-19. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба рӯзномаи «Коммерсантъ» хабар додааст.

11 май Вазири тандурустӣ Михаил Мурашко ҳушдор дод, ки коронавирус Русияро тарк накардааст. Ба гуфтаи вай, дар айни замон дар Русия беш аз 100 ҳазор нафар «фаъолона беморанд».

Пандемияи коронавирус ҳанӯз дар ҷаҳон хотима наёфтааст,-иброз дошт 11 апрел зимни конфронс дар Женева директори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Тедрос Адханом Гебрейюс. «Пандемияи COVID-19, ки расо ду сол қабл, 11 марти соли 2020 эълон шуда буд, ҳанӯз аз анҷомёбӣ дур аст ва он дар ягон ҷо ба итмом намерасад, то дар ҳама ҷо хотима наёбад»,- гуфт Гебрейюс.

Директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейюс гуфт, ки COVID-19 «мутлақо» охирин пандемия нахоҳад буд, эҳтимоли бемории нав ва миқёси талафот аз он вобаста хоҳад буд, ки одамон аз пандемияи кунунӣ чӣ гуна дарс меомӯзанд.

Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳори назар намуд, бо вуҷуди он ки аз 18 феврал инҷониб дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вазорат ин масъаларо ягон лаҳза аз мадди назар дур накарда,  вазъияти тамоми ноҳияҳои мамлакатро ҳамарӯза тибқи тартиби муайян назорат мекунад.

Ба гуфтаи вазир, бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 ҳамарӯза ҷаласаҳои Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардида, масъалаи боздидҳои хона ба хона барои муайян кардани фарогирии эмгузаронии беморон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

Дар баробари он ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон аз 7 марти соли 2022 якчанд маҳдудият, аз ҷумла пӯшидани ҳатмии ниқобҳои тиббӣ бекор карда шуданд, ба вазоратҳо ва идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки  “чораҳои зиддиэпидемиявиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти беморӣ идома диҳанд”, зеро пандемияи коронавирус ҳанӯз анҷом наёфта ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ муҳим мебошад.

«Дар айни замон бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19 Маркази иттилоотии зиддибуҳронии пешгирӣ ва мубориза бар зидди сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи 511 амал мекунад, ки дар кори огоҳонидани мардум ҷиҳати пешгирии ин беморӣ саҳми арзанда гузоштааст», — гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Абдуллозода.

Барои дарёфти маълумоти навтарин оид ба паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон сомонаи моро пайгирӣ намоед!

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин