Дар се моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон ба масоҳати 250,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии 250,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 116,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-марти соли равон аз рӯи ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол мекунад, ки масоҳати манзилҳои ба истифода додашуда 86,1 ҳазор метри мураббаъ ё 34,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм вилояти Хатлон бо 81,1 ҳазор метри мураббаъ ё 32,4 фоиз қарор дорад. Дар Душанбе 41,5 ҳазор метри мураббаъ ё 16,6 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 41,7 ҳазор метри мураббаъ ё 16,7 фоиз биноҳо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ сохтмонро яке аз соҳаҳои муҳим дар пешрафти иқтисодии кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум номида, зикр намуданд, ки танҳо соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба соли 2020 20 фоиз зиёд мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.
Пешвои миллат супориш доданд, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо, шаҳраку деҳоти мамлакат, инчунин банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар биноҳо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмонро таъмин намоянд.
«Илова бар ин, ҳангоми лоиҳакашӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба нақша гирифта, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бунёди ҳатмии биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ карда шаванд», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.
АКС аз манбаъҳои боз








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






