ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОДИРОТИИ «БОХТАР ФУД-2022». Миёни тоҷирону соҳибкорон, боғпарварон ва истеҳсолкунандагони обҳои ташнагишикан шартномаҳо ба имзо мерасанд

Май 25, 2022 14:42

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 24 ва 25 май дар  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» баргузор мегардад.

Соли дуюм аст, ки дар вилояти Хатлон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд» баргузор гардида истодааст. Форуми мазкур бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд,  дар рӯзи нахустини форум иштирокчиён ва меҳмонон аз давлатҳои дӯсту ҳамсоя аз хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот»-и ноҳияи Кӯшониён боздид намуда, бо меҳнату заҳмати деҳқонон ва боғпарварон шинос шуданд.

Дар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» меҳмонон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Эрон ва Амороти муттаҳидаи Араб ширкат варзида, ба истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи мо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.


Ҳадафи асосии ташкили форуми мазкур- ин, қабл аз ҳама, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тақвият бахшидани содирот, аз ҷумла меваю сабзавот, пиёз, обҳои ташнагишикан ва муаррифии басту банди маҳсулоти тайёр арзёбӣ мешавад.

Вилояти Хатлон минтақаи гарми мамлакат маҳсуб шуда, дар он пеш аз дигар минтақаҳо меваю сабзавоти барвақтӣ истеҳсол мешавад. Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён то имрӯз беш аз 4,5 ҳазор тонна меваю сабзавот, аз ҷумла пиёзу сирпиёз ва олуву зардолуро ба хориҷи кишвар содирот кардаанд. Тибқи нақша, онҳо дар ҳамин мавсим ният доранд, ки то 9 ҳазор тонна сабзавоти сифатнок содирот намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти густурдаи парваришу истеҳсоли маҳсулотро ба инобат гирифта, масъулини Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки ҳарчи бештар дастранҷи заҳмткашонро бо назардошти муаррифии кишвари офтобӣ дар арсаи олам содирот намоянд. Дар ҳамин замина рушди Барномаи давлатии содирот барои солҳои 2021 -2025 ба тасвиб расида, дар заминаи татбиқи барномаи мазкур соли дуюм аст, ки дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии содироти «Бохтар Фуд-2022» баргузор гардида, шарикони рушд аз давлатҳои ҳамсоя ба меваҳои Тоҷикистон ва дигар навои ғизои тару тоза таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.

Зимни боздиди дастранҷи деҳқонон дар ноҳияи Кӯшониён меҳмон аз Русия- директори генералии ширкати «Флагман» Евгений Кравченко иброз намуд, ки «мо барои шиносоӣ бо маҳсулоти тайёршудаи Тоҷикистон ба вилояти Хатлон омадем. Албатта, дар ватани шумо, ки ҳавои гарму офтобӣ дорад, меваю сабзавот нисбат ба дигар давлатҳо пештар пухта мерасад. Дар заминаи шартномаҳои дутарафа қарор додем, ки меваҳои тару тоза ва дигар сабзавоти сифатнокро ба вилоятҳои Федератсияи Русия содирот намоем. Мо бо Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон ва Туркия собиқаи ҳамкорӣ доштем, акнун дар назди худ мақсад гузоштем, ки аз меваҳои дар шароити офтобӣ истеҳсолшудаи Тоҷикистон имконоти содиротиро тақвият бахшем. Дар инҷо намояндагон аз бахши кишоварзӣ ва рушди иқтисоди Федератсияи Русия ҳузур доранд, ки бо соҳибкорони тоҷик ҷиҳати содирот ва бо инобати талаботи созмони умумиҷаҳонии савдо ба мувофиқа бирасанд. Дар вилояти Хатлон меваҳо ширину хуштамъ ва хаҷман бузурганд. Аз ҳамин хотир ман боварӣ дорам, ки шарикони мо аз дигар кишварҳо низ ба меваю сабзавоти  кишоварзони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд».

Меҳмонон дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Кӯшониён ҳамчунин бо гармхонаҳои доимамалкунандаи хоҷагии деҳқонии «Имоми Аъзам»  шинос шуданд. Таҷрибаи деҳқонони ноҳияи Кӯшониён дар истеҳсоли маҳсулоти гармхонаҳо хеле зиёд буда, солона дар ин ноҳия беш аз 60 ҳазор тона маҳсулоту сабзавоти гуногун истеҳсол карда мешавад. То ба имрӯз аз ҳисоби ноҳияи Кӯшониён 2,5 ҳазор тонна мева ва 18 ҳазор тонна сабзавоту дигар намуди маҳсулот истеҳсол шуда, анвои тару тоза ба дохили Тоҷикистон ва берун аз он содирот карда мешаванд.

Форуми байналмилаии содиротии «Бохтар Фуд-2022» имрӯз низ идома ёфта, миёни тоҷирону соҳибкорон, боғпарварон ва истеҳсолкунандагони обҳои ташнагишикан шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонида мешаванд.

 АКС: МИҲД-и вилояти Хатлон

Май 25, 2022 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид