ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР БРЮССЕЛ. Ширкатҳои Тоҷикистон ва Аврупо якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Май 20, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Брюссел ҳайати Тоҷикистон бо шумули роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат ва гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ дар форуми сармоягузорӣ ширкат варзида, бахшҳои мухталифи иқтисоди кишварро ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ муаррифӣ нмуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия хабар медиҳад.

Дар форум инчунин роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо, Парлумони Аврупо, роҳбарон ва кормандони бузургтарин ширкатҳои Белгия, Швейтсария, Подшоҳии Муттаҳида, дигар мамлакатҳои Аврупо ва  зиёда аз 115 нафар соҳибкорони минтақа, ки бахшҳои нассоҷию бофандагӣ, саноати кӯҳкорӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, аз ҷумла бахши зеҳни сунъӣ, саноати сабук, тавлиди ҷавоҳирот ва заргарӣ, рушди кишоварзиву бахши саноатикунонии чорвопарварӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ ва ғайраро намояндагӣ мекарданд, иштирок намуданд.

Дар форум Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия, Намояндаи доимии кишвар дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода иброз дошт, ки ин ҳамоиш барои тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ хидмат хоҳад кард.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо хонум Тери Ҳакала ибрози ақида намуданд, ки муқаррарӣ гардидани вазъ баъди бемории ҳамагир барои рушди густариш ва тавсеа ёфтани ҳамкории сармоягузории Аврупо бо Тоҷикистон заминаи хуб хоҳад буд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва муовини аввали Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршеди Мирзо доир ба вазъу фазои сармоягузорӣ дар кишвар, имконоти фаровони бо эҷоди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба амаломада, имтиёзоти соҳибкороне, ки ба Тоҷикистон сармоя ворид мекунанд ва тариқаи амалӣ намудани лоиҳаҳо дар кишвар бо сармояи мустақими хориҷӣ маълумот доданд.

Дар ин бахш роҳбари маҷаллаи «Дипломатик Уорлд» Барбара Дитрих ва раиси Ассотсиатсияи аврупоии «Проптех» Дирк Паэлин маводи аз ҷониби масъулини Тоҷикистон муаррифишударо тақвият бахшида, ҳозиринро барои ҷиддан баррасӣ намудани имконияти васеи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ташвиқ карданд.


Дар форум инчунин муовини директори генералии ширкати «ТАЛКО Менеҷмент» А. Назаров ва директори лоиҳаҳои сармоягузории гурӯҳи ширкатҳои «Авесто групп» Б. Азонов бо арқому санадҳо суханронӣ намуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи амиқи ҳозирин қарор гирифтанд.

Дар бахши сеюми форум муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Мӯъминзода ва роҳбарони панҷ ширкати сайёҳии Тоҷикистон ширкаткунандагонро бо табиати афсонавию меросии кишвар ва таҷрибаи ҳамкории андӯхтаашонро бо шарикони хориҷӣ тавассути намоиши филмҳои касбӣ пешкаши ҳозирин намуданд.


Раиси ассосиатсияи операторони туристии Белгия Раэс Геерт, корманди ширкати сармоягузории «Финнова» Пабло Барриос, муовини Вазири молияи Тоҷикистон Сарвар Қурбониён, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова ва менеҷери ширкати ватании зеҳни сунъӣ Азизҷон Азимӣ дар баррасиҳои ҷонибӣ фаъолона ширкат варзида, аз натиҷаҳои мушаххаси тамосҳои худ иттилоъ доданд.

Дар фарҷом Раиси Шӯрои директорони ширкати саҳомии «ТАЛКО» Н. Раҷабзода бо роҳбари ширкати швейтсарии «Васт рисорсиз ПЛС» Эндрю Прелеа ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки маҷмӯи маблағгузориаш 20 млн долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ширкати ватании «Авесто групп» бо ширкати белгиягии «Пиканол Н.В.» дар масоили нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ширкати ватании «Амина» бо ширкати «Интреко»-и Белгия ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расониданд, ки онҳо тавсеаи истеҳсолоти аллакай дар Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ воридшудаи иловаҳои хӯроки чорвову парандаро дар бар мегиранд.

Бояд гуфт, ки форуми Брюссел силсилаи чунин чорабиниҳоеро оғоз намуд, ки онҳо ба рушди босуръати саноати Тоҷикистон ва бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар мусоидати қавӣ хоҳанд кард. Пайгирии мунтазами тавофуқоти дар ҳамоиш ба даст омада аз ҷониби вазорату идораҳои кишвар натиҷаҳои назаррас ба бор меорад.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия

Май 20, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид