ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Рушди УЕФА соҳиби ҷойи дуюм гардид

Май 10, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Скопйеи Македонияи Шимолӣ Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА ба анҷом расид, ки дар он дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол   таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов мақоми дуюмро касб карда, сазовори медалҳои нуқра гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи рушди УЕФА дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон се бозӣ анҷом дод. Дастпарварони Зайниддин Раҳимов ҳамсолони худро аз Гондурас бо ҳисоби   3:1 шикаст дода, аз дастаҳои мунтахаби наврасони Македонияи Шимолӣ (вақти асосӣ – 3:3, дар пеналти – 4:5) ва Косово (вақти асосӣ – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:4) мағлуб шуданд.

Дар натиҷа дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон   панҷ имтиёз ба даст овард. Ғолиби мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Косово (6 хол) гардид. Зинаи сеюми ифтихориро  дастаи мунтахаби наврасони  Македонияи Шимолӣ (4 хол) гирифт.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи пеналти – 5:4

Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.

Косово – Гондурас – 2:0

Даври 2

Гондурас – ТОҶИКИСТОН – 1:3

Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.

Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Косово – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:4

Македонияи Шимолӣ – Гондурас – 0:1

Акс: ФФТ

Май 10, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд