ФУТЗАЛ. Имрӯз маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 13:00 ба вақти шаҳри Душанбе маросими қуръакашии сабқатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё -2022 миёни дастаҳои мунтахаби то 20-сола оғоз мешавад. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар таърихи худ бори ёздаҳум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади сеюм қарор гирифт. Ин маънои онро дорад, ки футзалбозони мо аниқ дар як гурӯҳ бо Тайланд, Тайбейи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ намекунанд. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чаҳордастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад.
Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:
Сабади 1: Кувайт, Эрон, Ҷопон, Узбекистон.
Сабади 2: Ироқ, Лубнон, Ветнам, Баҳрайн.
Сабади 3: Таиланд, Тайбейи Чин, ТОҶИКИСТОН, Кореяи Ҷанубӣ.
Сабади 4: Арабистони Саудӣ, Индонезия, Туркманистон, Уммон.
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






