ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба хизмати Ватан камар бастанд

Май 3, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар». 13 нафар хатмкунандагони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур хабар доданд.

Ба ин муносибат дар саҳни донишкада барномаи  хотимони фарҳангӣ ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ин амали дастпарварони донишкадаро барои дигар ҷавонон намунаи ибрат номида, аз ҷумла, изҳор дошт, ки «хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони ватандӯсту худшинос мактаби ҷасорату диловарист. Маҳз дар хизмати ҳарбӣ ҷавонон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқонаву самимона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд».

Зикр шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон шараф ва муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаёт аст.

Мавриди зикр аст, ки дар посух ба ин амали намунавии донишҷӯён барои онҳо аз ҷониби раёсати донишкада якчанд имтиёзҳо муқаррар гардидаанд.

 АКС: ДДЗТ

Май 3, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст