Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Riyadh Travel Fair-2022» дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд

Май 23, 2022 16:27

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон иқтидору зарфияти туристии кишварамонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair-2022», ки аз 22 то 24 май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ мегузарад, муаррифӣ менамоянд. Аз Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода роҳбарӣ намуда, ба ҳайат роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи миллӣ шомил мебошанд.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии Тоҷикистон инъикос гардидаанд.

Намоишгоҳи сайёҳии Riyadh 2022 маъруфтарин намоиши минтақа маҳсуб шуда, ҳамчун платформа барои ҷорӣ намудани маҳсулоти туристӣ, хизматрасонӣ ва сармоягузориҳо аз ҷониби бузургтарин ширкатҳои сайёҳӣ дар саросари арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ бо бахши сайёҳии Арабистони Саудӣ ва сармоягузорони ин кишвар баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.


Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair» яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои тақвияти ҳамкории ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мҳз дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2022 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад