«KI & KA». Ба муносибати 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар Душанбе Фестивали филмҳои ҳиндӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 03.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 6 май дар шаҳри Душанбе Фестивали филмҳои ҳиндӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд, фестивали мазкур бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ миёни ду давлат доир мегардад.
Дар доираи фестивал муддати 4 рӯз дар кинотеатри «Ватан» -и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои алоқамандони кинои ҳиндӣ филмҳои истеҳсоли Ҳиндустон намоиш дода мешаванд.
Фестивали филмҳои ҳиндӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, даромад барои ҳама ройгон аст.
Ба мухлисон филмҳои «KI & KA» (режиссёр Р. Балки), «Гулобӣ» (режиссёр Анируддха Рой Чоудхури), «Манжи одами кӯҳӣ» (режиссёр С. Кетан Мехта), «Арӯси Бадринат» («Бадринат Ки Дулхания», режиссёр Шашанк Хайтан) пешниҳод мешаванд, ки дар онҳо нақшҳои асосиро ҳунармандони дӯстдоштаи мамлакати мо Амитабх Баччан, Карина Капур Хон, Арджун Капур, Чая Бхадури, Ранжит Капур иҷро мекунанд.
Дар Тоҷикистон филмҳои ҳиндиро хеле дӯст медоранд, зеро пур аз суруду рақсанд. Дар Ҳиндустон рақс як фалсафаи том аст. Тавассути рақс нишон медиҳанд, ки олами маънавии одам чӣ гуна бой аст. Дар ҳамин ҳол, кинои ҳиндӣ аксар вақт мелодрама буда, хушбахтона ба анҷом мерасад.
АКС: МД «Тоҷикфилм»









Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






