Рустам Ҳайдаров: Гузориши Комиссияи ИМА ифротгароии мазҳабӣ дар ҷаҳонро ташвиқ мекунад

Май 4, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии дин (USCIRF) моҳи апрели соли 2022 гузориш нашр намуда, ба Қасри Сафед тавсия додааст, ки ба  Ҳиндустон, Русия, Чин, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Сурия, Ветнам, Мянма, Эритрея, Эрон, Нигерия ва Арабистони Саудӣ мақоми  «кишварҳоеро, ки ташвиши махсус ба вуҷуд меоранд»,  дода шавад.

Ин созмон нисбат ба Тоҷикистон чунин далел овардааст, ки «соли 2021 саркӯбҳои давлатӣ алайҳи аксарияти мусалмонони ин кишвар дар пасманзари ҳаросҳои ҳукумат аз таҳдиди Афғонистони ҳамсоя, бахусус пас аз тасарруфи толибон дар моҳи августи соли ҷорӣ  шиддат гирифтаанд».

Муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ дар матлаби худ, ки имруз АМИТ «Ховар» чоп намудааст, чунин иброз дштааст,ки «ин далели шарикони амрикоии мо водор мекунад ба хулосае оем, ки гузориш аз ҷониби муҳаққиқони ғаразманд, ки дар бораи ҳаёти мазҳабӣ дар Тоҷикистон тасаввуроти ҳавоӣ доранд, таҳия шудааст…».

«Имрӯз Тоҷикистон кишвари диндортарин маҳсуб мешавад, ки дар он дин кори сирф шахсӣ маҳсуб гашта, ба корҳои ҷамъиятӣ дахолат намекунад. Ба шарофати сиёсати муваффақонаи давлат дар соҳаи дин дар Тоҷикистон чанд ҳазор масҷид фаъолият мекунанд, диндорони тоҷик адои ҳаҷ мекунанд, дар кишвар ҳамасола Иди Фитр ва Иди Қурбон таҷлил мешаванд ва мероси диншиносони исломии тоҷик нашр мегардад. Шӯрои уламо, иборат аз диншиносони бонуфузи кишвар фаъол буда, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа низ фаъолият мекунанд. Аз ин рӯ, хулосаи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динии байналмилалӣ дар бораи вазъи Тоҷикистон, ба назари мо, хулосаи иғвоангез ва муғризона буда, ба рушди равобити Тоҷикистону Амрико мусоидат намекунад.  Ба ҳамкории  Тоҷикистону Амрико  соли  равон  30 сол пур мешавад. Дар тӯли ин солҳо Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи Иёлоти Муттаҳида буд ва аз тамоми ташаббусҳои ин кишвар, ки ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амният дар минтақа нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекард», — иброз доштааст Рустам Ҳайдаров.

Бино ба гуфтаи  коршинос, дар гузориши ин созмони амрикоӣ омадааст, ки «занони мусалмон аз шиддат гирифтани маъракаи ҳукумат алайҳи пӯшидани ҳиҷоб хабар дода, кормандони милиса занони ҳиҷобпӯшро дар пеши назари мардум таъқиб карда, дар баъзе мавридҳо онҳоро боздошт мекарданд».

«Дар заминаи ин изҳороти шарикони амрикоии мо, мехоҳам таваҷҷуҳро ба он ҷалб намоям, ки созмонҳои алоҳидаи ифротии мазҳабӣ, ки аз кишварҳои мусулмоннишини Ховари Миёна маблағгузории саховатмандона доранд, барои ҳамоҳангсозии рафтор ва тарзи либоспӯшии дини ислом дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон  фаъолона таблиғот мебаранд.  Ҳатто кор то ба ҳадде расидааст, ки номҳои аслии тоҷикии марду занро ифротгароёни мазҳабӣ номҳои замони бутпарастӣ, яъне “куфр” медонанд. Аз ин рӯ, ба эътиқоди ин мутаассибони мазҳабӣ, мусалмонони ҳақиқӣ бояд аз номҳои суннати тоҷикии худ даст кашанд ва номҳои ба истилоҳ исломӣ бигиранд. Мо ин амалро ҳангоми амалҳои ваҳшиёнаи ДОИШ дар Сурия мушоҳида кардем, ки дар он бархе шаҳрвандони кишвари мо низ ширкат доштанд. Ҳама аз номи тоҷикии худ даст кашида, риш гузоштанӣ шуданд», — илова намуд доктори илмҳои фалсафа.

Имрӯз дар Тоҷикистон занон либосҳое ба бар мекунанд, ки барояшон бароҳат аст. Дар баробари ин, барои онҳо пӯшидани либоси миллии тоҷикӣ, ки ба қонунҳои ислом комилан мувофиқ аст, мамнӯъ нест.

«Мутаассифона, тайи чанд соли ахир шарикони амрикоии мо талош доранд,  ки барои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон имиҷи исломситезӣ эҷод кунанд. Аммо онҳоро  мебояд сараввал бо озодиҳои мазҳабӣ ва риояи ҳуқуқи мусулмонон дар худи Амрико, ки пешвои ҷаҳонии «исломфобия» (исломситезӣ) аст, сару кор гиранд. Тибқи гузориши Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR), «байни солҳои 2017 ва 2019 ба гурӯҳҳои исломситез дар Иёлоти Муттаҳида тақрибан 106 миллион доллар кумакпулӣ дода шудааст». Ногуфта намолнад, ки CAIR бузургтарин созмони ҳуқуқи башари мусалмонон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст»,-  зикр намуд муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи  А.Баҳовадинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 4, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд