Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ тариқи видеоконференсия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи видеоконференсия баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласа барои баррасӣ беш аз 10 масъала пешниҳод шуд, ки фарогири муҳимтарин мавзуъҳои мубрами рӯз буд.
Зикр шуд, ки дар вазъи имрӯзаи ҷаҳон бо роҳи ҳамгироии зичу пурсамар имкон аст таъсири омилҳои беруна ва буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳоро коҳиш дод.
Зимни суханронии худ дар кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваста чорандешӣ карда, дар ин самт имкониятҳои ҷойдошта мақсаднок истифода бурда мешаванд.


Изҳори умед карда шуд, ки табодули афкор дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имкон фароҳам меорад, ки соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, саноату кишоварзӣ, энергетика, гумрук, экология, сайёҳӣ, тандурустӣ ва роҳу нақлиёт рушд намояд.
Кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қабули қарорҳои дахлдор ҷиҳати рушди ҳамкории кишварҳои аъзо ба анҷом расид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






