СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. «Истиқлол» маротибаи 11-ум барандаи он гардид

Май 10, 2022 08:23

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода дар ҳузури 5600 нафар тамошобин мусобиқоти 13-уми Суперҷоми Тоҷикистон -2022  миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  барои ба даст овардани Суперҷоми кишвар бозии арзанда ва ҷолиб нишон доданд. Футболбозони ҳарду даста  имкони зиёди кушодани ҳисоби бозиро доштанд, лек аз он на он қадар самаранок истифода бурда тавонистанд. Баъди ба майдон баромадани Рустам Соиров бозии дастаи «Истиқлол» ранги дигар гирифту онҳо дар дақиқаи 84-уми бозӣ тавонистанд ба задани гол даст ёбанд.  Дар идомаи вохӯрӣ дастпарварони Рустам Хоҷаев кӯшиши баробар кардани ҳисоби бозиро карданд, лек ҳама бенатиҷа анҷом ёфт. Бо ҳамин натиҷаи минималии 1 бар 0  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ба муқобили дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  зафар ёфта, маротибаи 11-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Бояд гуфт, ки  дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бори панҷум барои Суперҷом миёни ҳам мубориза бурданд. Дар чаҳор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  пирӯз шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шудаанд. «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   ёздаҳ  бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  (2013) ва «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор (2017) якборӣ Суперҷом ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки  соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   бар дастаи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд.

Ҳама бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2022):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯйи силсилаи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

Акс: ФФТ

Май 10, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд