ТАЪМИНИ ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиши маҷозӣ таҳти чунин унвон иштирок намуданд

Май 5, 2022 15:08

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашурзода ва Сураё Дӯстмуродзода дар ҳамоиши маҷозӣ, ки таҳти унвони «Таъмини иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ» бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) баргузор гардид, иштирок намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вакилони Маҷлиси намояндагон зимни баромади хеш иброз намуданд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо омили муҳими тақвияти ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, хусусан дар ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ мегардад.

Вакилони мардумӣ бо хоҳиши меҳмонон роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат маълумоти мукаммал дода, дар бораи нақш ва мавқеи занон дар ҷумҳурӣ ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз дар мақоми олии қонунбарори кишвар ҳабдаҳ нафар вакилзанон ба нафъи меҳану давлат софдилона хизмат менамоянд. Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,-иброз доштанд вакилон -ин пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Роҳнамои ин чароғи хирад, чун дар ҳамаи самтҳои сиёсати мамлакат ҳамеша Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ғайра барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занон дар соҳаҳои мухталиф ва муҳими мамлакат равона гардидаанд.

Таъсири ҳамин аст, ки ҳоло сафи занон-вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, айни ҳол дар Маҷлиси намояндагон 17 нафар фаъолият доранд. Албатта нақши онҳо дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.

Зимни ҳамоиш ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Созмони Амнияту Ҳамкори Аврупо мавриди муҳокима қарор гирифт.

АКС: МН МО ҶТ

Май 5, 2022 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»