Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

Май 27, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ  дар бахши сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва иштироки фаъолонаи  намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии  «Riyadh Travel Fair» аз масъалаҳое буданд, ки дар мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо муовини Президенти Иттиҳоди палатаҳои Арабистони Саудӣ, Раиси Кумитаи миллии Арабистони Саудӣ оид ба сайёҳӣ  Ноиф АлРоҷиҳӣ ва муовини Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Аҳмад Оли Ҳасна дар шаҳри Риёз баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот Ҳабибулло Амирбекзода  оид ба зарфияти сайёҳии кишвар маълумот дода, зикр намуд, ки “Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намудааст. Дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд”.

Ҳамчунин ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии кишвар бо ҳамтоёни дигари худ аз Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуда, аз имконияти хизматрасонӣ дар самти сайёҳии ин кишвар дидан намуданд.

Сайёҳӣ ҳамчунин бахши собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ мебошад.

Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Ҳукумати мамлакатро барои бахшидани солҳо (2018-2021) ба соҳаи сайёҳӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои соҳа саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ ташкили гӯшаи ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, иштирок дар ҷаласаҳо ва ҳамоишҳои Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ, пахши маводи таблиғотӣ-иттилоотӣ, инфотурҳо дар хориҷи кишвар ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта баргузор гардида истодаанд.

Имрӯзҳо татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳа ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, ба таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳии кишвар замина мегузорад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Май 27, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад