Дар Хатлон бо иштироки ҳуқуқшиносони «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия ҷаласаи корӣ доир гардид

Июнь 22, 2022 08:54

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи самтҳои ҳамкорӣ оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон ва муарифии ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилоят, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, намояндагони сохторҳои қудратӣ, як зумра раисони ноҳияҳо ва намояндагону ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «мақсад аз баргузор намудани ҷаласаи корӣ таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон мебошад».

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқии Созмони Милали Муттаҳид буда, як қатор санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро эътироф кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин санадҳои байналмилалӣ дар қаламрави мамлакат амалӣ шаванд. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Вазири Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зикр дошт, «аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро ёрии ҳуқуқӣ мерасонад».

Зикр гардид, ки мақсади фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ иштирокдорон зикр намуданд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома то имрӯз дар маҷмўъ даҳ марказҳои ёрии ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст, ки ба аҳолӣ ва корафтодагон хизматрасонӣ менамояд.

Ҳамчунин аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони таъйингардида дар даҳ ноҳияҳои вилоят муаррифӣ карда шуда, аз мақомотҳои маҳаллӣ талаб гардид, ки барои амалигардии раванди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бо ҳуқуқшиносони марказҳои ёрии ҳуқуқии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монанд.

АКС: Мақомоти иҷоии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

 

Июнь 22, 2022 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд