ҲАДИСИ МУСАВВАР. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни боздиди иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд аз НБО «Роғун»

Июнь 10, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 9 июн аз иншооти бузурги гидроэнергеткии Тоҷикитсон – НБО-и  «Роғун» дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонии он  шинос гардиданд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки муҳайё будани шароити мукаммали корӣ барои сохтмончиёну дигар коргарони муҳандисиву техникии ин иншооти азим, ки таҳти назорати бевоситаи бунёдгузори он — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, омили асосии марҳила ба марҳила ва дар муҳлатҳои муайян ба анҷом расонидани корҳо гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти дастҷамъона ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандон имкон фароҳам овард, ки то имрўз ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шавад ва агрегатҳои дигари ин иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат низ мувофиқи нақша дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.










 

Тоҳирҷон САИД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд