«Ҳар яки мо барои ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифадорем!»,- бардошт аз ҳамоиш дар Суди шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 20.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 июн дар Суди шаҳри Душанбе бахшида ба 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки васеи кормандон ҳамоиш доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода ҳозиринро бо фарорасии ин сана таҳният гуфта, изҳор дошт, ки «маҳз ҷонбозиҳо ва идроки баланди фарзанди сарсупурдаи миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин рӯзгори ором ва зиндагии осоишта созгор гардид ва мардуми шарафмандамон ҳар сол ин санаи таърихиро, яъне Рӯзи Ваҳдати миллиро бо тантана ҷашн гирифта, ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки ваҳдат ва истиқлол ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд».
Зикр гардид, ки дар воқеъ, халқи бузурги мо ба қадри сулҳу ваҳдат ва истиқлолу озодӣ ба хубӣ мерасанд ва ба он арҷ мегузоранд. Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, ки имсол ба баргузории он 30 сол пур мешавад.
Сипас аз ҷониби иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушду инкишофи ҳокимияти судӣ», «Ғояҳои Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ» ва «Аҳмияти таърихии Ваҳдати миллӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардид.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки 27 июни соли 1997 миёни тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба даргириҳои панҷсолаи дохилии мамлакат амалан хотима бахшид ва раванди ташаккули таҳаввулоти минбаъдаи мамлакатро дигаргун намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш якдилона иброз доштанд, ки «ҳар яки мо барои ҳифз ва таҳкими сулҳу субот¸ ваҳдату истиқлоли миллӣ вазифадорем, зеро ояндаи дурахшони миллат бе вуҷуди ин неъматҳои бебаҳо ғайриимкон аст».
АКС : АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






